Конибодом. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд чорабиниҳои хайрияи иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ шурӯъ шуданд. Корманди масъули Федератсияи иттифоқҳои касабаи
вилоят Саидюсуф Афзалов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки иқдомоти мазкур ба муносибаи оғози соли нави хониш ва ҷашни Рӯзи иттифоқҳои касаба дар 18 шаҳру ноҳияҳо сурат мегиранд. «Бо назардошти имконоти мавҷудаи иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ мо тасмим гирифтем, ҳудуди 500 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоатро бо сарулибоси мактабӣ таъмин намоем», - гуфт ӯ.
Мавсуф мегӯяд, ки иқдоми мазкур дар доираи барномаи кӯмаки иттифоқҳои касбаи минтақавӣ ба оилаҳои камбизоат амалӣ мегардад. Раиси иттифоқи касабаи Ҷамъияти саҳомии «Бодом»-и Конибодом Ориф Қосимов гуфт, имрӯз аз номи иттифоқи касаба ба 30 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ сарулибоси мактабӣ тӯҳфа карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста