Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз дар арафаи баргузории саммити Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Раиси
Ҷ
умҳурии Мардумии Чин Ху Тсинтао ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва анҷом додани боздиди давлатӣ аз Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Сипас Ху Тсинтао ва ҳайати ҳамроҳи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бӯстонсарои ҳукуматӣ роҳ пеш гирифтанд. Ҳангоми ҳузури Ху Тсинтао дар Тоҷикистон қароргоҳи муваққатии ӯ дар ин ҷо воқеъ хоҳад буд.
Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ки дар ҷараёни боздид мулоқоти «як ба як»-и Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тсзинтао бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушуниди васеи ҳайатҳои расмии ду давлат сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин Раиси ҶХХ бо Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.
«Дар рафти ин сафар бастаи санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид, ки он боиси тақвияти заминаи ҳуқукӣ-шартномавии робитаҳои дуҷониба хоҳад гардид», - изҳор дошт Д.Назриев ва таъкид сохт, ки боздиди мазкур бешак ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои неки ҳамҷаворӣ ва таҳкими ҳамкориҳои самарабахши миёни ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста