Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди расмии сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Дмитрий Медведев
як қатор асноди дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Н
ахуст сарони кишварҳо дар шакли «як ба як» мулоқот намуда, сипас гуфтушунидҳои васеи ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор гашт.
А
з ҷумла ҷонибҳо Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, Созишнома оид ба ҳифзи муштараки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии бадастомада зимни ҳамкориҳои техникиву низомӣ ва истифодаи он, Созишномаи вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои кишоварзии кишварҳо, Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба таъсис ва роҳандозии фаъолияти Маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай» ва Ёддошти тафоҳуми фаъолияти муштарак миёни Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС» ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистонро дар бораи рушди лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Зимни гуфтушунид ҷонибҳо масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, андешидани чораҳои мушаххас бобати рушди минбаъдаи он, тавсиаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, низомиву техникӣ ва фаъолияти пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов ва дигар макотиби олии Русия дар Тоҷикистонро низ муҳокима карданд.
Дар гуфтушунид перомуни масоили муҳими сиёсати минтақавӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.
Имрӯз президенти Русия Д.Медведев ва сарвари давлати Тоҷикистон Э.Раҳмон аз пойгоҳи низомии 201-уми Вазорати дифои Русия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, боздид хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста