Танҳо ишора ба он дорем, ки ин сохтор аз зинаю мақомотҳои зиёд иборат буда, ҳама дар якҷоягӣ вожаи давлатро ифода менамоянд.
Дар моддаи 2-и қонун, ки дар боло овардем, се мафҳуми асосӣ таъкид шудааст: «Замин, давлат, манфиати халқ». Хӯш, заминро давлат (манзур ҳокимияти давлатӣ аст. Шарҳи муаллиф.) чӣ тавр ба манфиати халқ истифода мебарад? Кӯшиши посух ба ин пурсишу муроҷиати сокинони деҳаи Сабои ҷамоати деҳоти Шайдон, моро ба ноҳияи Ашт овард.
Муроҷиаткунандагон дар мактубашон навиштаанд, ки онҳо дар асоси қарори раиси ҷамоати деҳоти Шайдон, дар соли 2004 барои сохтани манзилгоҳ қитъаи замин гирифтаанд. Пас аз чанде собиқ прокурори ноҳияи Ашт М.Сангинов ба қарори раиси ноҳия ва раиси ҷамоат эътироз меораду заминҳои 27 нафарро баргардонда мегиранд. Нафарони боқимонда ба прокуратура қарору дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод мекунанд. Ба шахсони боқимонда, гуё аз прокуратура барои идома додани сохтмон иҷозат дода бошанд. Вале дар торихи 25 январи соли равон, муовини прокурори вилояти Суғд нисбат ба ин масъала эътироз оварда, қотеъона талаб менамояд, ки аз нафарони боқимонда ҳам заминро гиранду он ба ҳолати аввалааш баргардонда шавад. Санаи 3 июли соли ҷорӣ комиссияи бонуфузи ҳукумати ноҳияи Ашт барои иҷроиши эътирози прокурор омада, девори чанд нафарро бо трактори тасмачарх вайрон мекунанд. Гуё онҳо худсарона китьаи заминро аз худ карда бошанд.
Магар шаҳрвандон худсарона заминро соҳиб шуда, хона сохта буданд? Дар огоҳиномаи ба унвони шаҳрвандон фиристодаи собиқ раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон (ҳоло роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт.)
X
. Каримов чунин сатрх,оро мехонед: (айнан).
«ҷамоати шаҳраки Шайдон маълум менамояд,
ки 11. 08.
2004 сол, бо
қарори
раиси ҷамоат № 106
ва 21.08. 2004
сол бо қарори
№113 ба 47
нафар шақрвандон
аз ҳисоби
заминҳои
корами хоҷагии
давлатии ба
номи Эрйигитов
ба андозаи
Қарори
мазкур бинобар хилофи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи
кистон
№ 335 аз 27. 07. 2000
сол будан дар
асоси амри Прокурори
ноҳияи
Ашт
са
наҳои 27 - 29.12. 2004 бекор карда
шудааст.
Мувофиқи амри прокурори вилояти Суғд аз 25.01. 2008
сол
№ 7/16-08 (8) аз Шумо талаб карда мешавад, ки то санаи 9.02.2008 қитъаҳои замини худсарона ишғол кардаатонро баргардонед.
Дар ҳолати иҷро нашудани талаб, комиссияи махсуси аз тарафи мақомоти иҷроияи ноҳияи Ашт тартиб дода шуда, заминро ба хоҷагии давлатии Эрйигитов бармегардонад».
Бесабаб ин огоҳномаро айнан наовардем. Чунки чанд шарҳротақозо дорад. Аввал ин ки номуайян аст, қарори раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон таҳти рақами №113 аз кай қабул карда шудааст. Воқеан ҳангоми омӯзиши масъала нусхаи ин қарорро на дар ҳукумати ноҳия пайдо карда тавонистему на дар ҷамоат, дар ҳоле ки муовини аввали раиси ноҳия З.Маҳмадҷонов ба омӯзиши ин масъала машғул буд.
Дуюм, масъалаи «худсарона ишғол намудани замин». Аз худи огоҳнома маълум мешавад, ки шаҳрвандон заминро худсарона не, балки дар асоси қарори раиси ҷамоат, ки онро комисияи заминсози ҷамоат дар ҷояш чен карда додааст, гирифтаанд. Пас, чӣ хел он қитьаҳои замини дар ихтиёр доштаи шаҳрвандонро худсарона ишғол намуда, гӯем?
Тибқи талаботи қонун, эътирози прокурор дар давоми 10 рӯз бояд иҷро карда шавад. Номуайян аст, ки барои чӣ эътирози прокурор дар мӯҳлати муайяншуда иҷро нагардиду пас аз гузаштани зиёда аз се соли ин қазия ба хотири прокуратураи вилояти Суғд масъалаи заминҳои наздиҳавлигии ин мавзеъ расид ?
- Писарам ҳангоми дар артиши миллӣ хизмат кардан барои барқарор намудани давлати конститутсионй ҷон нисор кард, -мегӯяд А.Юнусов . Тобути ӯро оварданд. Мурдаи писарамро дар хонаам не, аз кӯча ба манзили охират гусел кардам. Дар хонаам чой наёфтем, ки тобутро гузорем. Ҳам аз ҳукумати ноҳияву ҳам аз дигар макомотҳо омада, шароити манзили моро омӯхтанд. Пас аз чанде ба раиси ҷамоат муроҷиат намудему дар қатори дигарон ба мо ҳам замин доданд. Аз ин ғамхорӣ хурсанд шудем, гирди заминро сангдевор намудем.
- Мо аз куҷо маблағ меёфтем, - ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ҳамсари А. Юнусов, писаронам дар Русия ба мардикорӣ машғуланд. Ҳамонҳо пул мефиристанду мо кам -кам пасандоз карда, барои сохтани манзил машғул шудем. Ома
да, гуфта истодаанд, ки онро вайрон кунем. Агар заминҳоро аз мо гиранд, мо ба куҷо меравем? Маблағҳои худ нахӯрдаю барои он замин сарф кардаамонро аз кӣ мегирем?
Дарвоқеъ, шаҳрвандон маблағи барои ободии замину гирдашро девор намудан ва ниҳол шинондану хона бино карданашонро аз кй мегиранд? Заминҳои баҳсиро дида, кас ҳайрон мешавад. Қитъаи заминҳо танҳо аз санг иборат буда, факат барои бунёд намудани боғ ва сохтани манзилгоҳ мусоидат менамояд. Чанд қитъаи замини ҷудо намуда, ки то ҳол аз дигар ҷой хок накашонидаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он ҷо ғайр аз буттаҳои ёбоӣ чизи дигаре намерӯяд. Заминҳои аз 27 нафар гирифтаашонро ба ҷамъияти маъюбони ноҳия вобаста кардаанд. Вақте ки аз кумитаи заминсозии ноҳияи Ашт оид ба он, ки заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов ба киҳо ба иҷораю барои ташкили хоҷагии деҳқонй дода шудаанд, муроҷиат намудем, номи ҷамъияти маъюбонро дар маълумотнома зикр накардаанд. Вале раиси ҷамъияти маъюбон ба мо нусхаи сертификати истифодаи қитъаи заминро пешниҳод намуд, Мувофиқи гуфтаи раиси ҷамъияти маъюбон, соли 2007 майдони 2 гектарро ба иҷора додаанду ҳамагӣ 1200 сомонӣ даромад гирифтаанд. Аз ҳар сотих ба ҳисоби миёна 6 сомонӣ. Вақте аз Ҳ.Ахмедов дар бораи баъзе масъалаҳои марбут ба замину ба фаъолияти ҷамъият, дар куҷо сарф намудани маблағҳо пурсон шудем, бо суол посух дод: «Чӣ, аз болои мо парвандаи ҷиноятӣ мекушоед?»
Чизе нагуфтем. Ҳарчанд ба ин масъала ҳатман бармегардем ва ҳадафи мо аз омӯзиши масъала танҳо ба тамоми паҳлӯҳои ҳодисаи ба амал омада, вобаста ба масъалаи баҳси замин то қадри имкон рӯшанӣ андохтани буду халос. Бори дигар ба кумитаи замини ноҳия омада, пурсон шудем, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов ба ҷамъияти маъюбон замин дода шудааст ё не ва нусхаи сертификатро пешниҳод намудем. Маълумотномаро дигар карданду номи ҷамъиятро илова намуданд. Ҳайрон будем, ки барои чӣ маротибаи аввали муроҷиат карданамон, ҳамчун заминистифодабаранда номи ин ҷамъиятро зикр накарданд. Аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов ба 9 хоҷагии деҳқонӣ ба микдори
Маълум мешавад, ки дар кумитаи заминсозии ноҳияи Ашт ҳисоби аниқи истифодабарии заминро ба роҳ намондаанд. Ё ин ки барояшон 32 сотих замин ягон чизе нест?
Мегӯянд, ки «офтобро бо домон пӯшондан намешавад». Хусусан дар деҳоти кӯҳистон, сокинони он аз тамоми чиз тез огаҳӣ меёбанд. Ба мо гуфтанд, ки сардори хоҷагии деҳқонии «Фурқат» заминро ба фурӯш мондааст. Намедонем, то чӣ андоза ин хабар ва ди-гар гуфтаҳо оид ба тарзи гирифтани ин қитъаи замин ба ҳақиқат рост меояд. Танҳо он нуктаро таъкид намуданием, ки ин хоҷагии деҳқонӣ хилофи банди 3-и моддаи 12, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерй) ташкил карда шудааст. Чунки дар заминҳои хоҷагиҳои зотпарварӣ ташкил намудани хоҷагии деҳк,онӣ манъ аст. Агар ҳангоми ташкили дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов аввал заминро ба фонди махсуси замин дохил намуда, пас барои истифодаи якумраи меросӣ дода бошанд, ҳангоми ташкил намудани хоҷагии деҳқонии «Фурқат» ин тартиби қонун риоя карда нашудааст. Ғайр аз он мувофиқи нишондоди моддаи 15 - и қонуни номбурда, замини хоҷагиҳои давлатӣ бо қарори маҷлиси умумии онҳо байни аъзоёни доимии он чун саҳм тақсим карда мешавад. Номуайян аст, ки Ф.Норматов дар куҷо кор мекунад ва чаро манлиси раёсати хоҷагӣ ба ӯ ин қадар заминро додааст. Дар ҳоле ки замин воситаи асосии истёҳсолот ба шумор рафта, танҳо дар асоси қарори маҷлиси умумии аьзоёни хоҷагӣ ё маҷлиси намояндагон қисмати
он ҳал карда мешавад,
Шояд ба дили хонанда шарҳи дуру дароз зада бошад ва пурсад, ки чаро аз ин хоҷагии деҳқонӣ ба таври зиёд ёдовар шудем? Агар ҳадаф риояи якхелаи қонунро таъмин намудан бошад, барои чӣ ҳамаро ба як чашм намебинем? Оё риоя накардани талаботи қонун дар мавриди ташкили ин хоҷагии деҳқонӣ воҷиби ислоҳ намудан нест? Барои чи мақомоти прокуратураи ноҳияи Ашт 8 сотих қитъаҳои замини наздиҳавлигии шаҳрвандонро мебинанду ин қарори хилофи қонунро не?!
- Ман инвалиди гурӯҳи дуюми Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошам, - мегӯяд А.Азимов. -Ба ҳукумати ноҳияву маҳал муроҷиат намудам. Чунки дар оилаам 10 нафар зиндагӣ мекунанду шароити зиндагиам хеле бад аст. Ба ман заминро намояндагони ҷамоат дар асоси қарори раиси ҷамоат чен карда доданд. Ба сохтмони манзил машғул шудам. Писаронам барои дарёфти маблағ ба Руссия ба мардикорй рафтанд. Як маротиба омада гуфтанд, ки заминро холӣ кун. Хуҷҷатҳоро пешниҳод намудам. Иҷозати идомаи сохмонро доданд. Хонаро қариб ба сомон расонидам. Гуфта истодаанд, ки хонаатро вайрон кун. Ҳатто трактор оварданд, ки ба тариқи маҷбурй хонаро вайрон мекунанд. Агар ин амалро иҷро кунанд, кӣ маблағи моро медиҳад? Охир, мо худсарона заминро соҳибй накардаем. Онро намояндаи давлат, яъне раиси ҷамоат бо қарори худ ба мо дода буд.
Бо муовини аввали раиси ноҳияи Ашт 3. Маҳмадҷонов дар бинои ҳукумати ноҳияву дар ҷамоати деҳоти Шайдон дар иштироки он нафароне, ки бояд замини гирифтаашонро баргардонанд, сӯхбат намудем, Ӯ ҳуҷҷатҳои шахсони замингирифтаро меомӯхт.
- Мо намехоҳем, ки вазъияти ноҳияро номӯътадил намоем. Дар ин ҷо нишондоди қонун вайрон карда шудааст. Онро бояд ислоҳ намуд. Вале дар як вақт фаромӯш кардан лозим нест, ки шаҳрвандон алакай маблағҳои зиёд сарф кардаанду қисми зиёдашон имтиёз доранд. Эҳтимол, ҳамин имтиёзҳои онҳоро ба инобат гирифта, барои идома додани сохтмони манзилгоҳ иҷозат дода бошанд, - мегӯяд 3. Маҳмадҷонов.
Дар кумитаи заминсозии ноҳияи Ашт гуфтанд, ки он қитъаи заминҳои ба шаҳрвандон тақсим намуда, ба категорияи заминҳои обӣ дохил мешудааст. Ҳарчанд дар боло гуфтем, бори дигар таъкид менамоем, ки дар он заминҳо ғайр аз алафи ёбоию қимиш чизи дигаре намерӯяд. Боғоти сокинони дар он мавзеъ қарор дошта, ба таври сунъӣ(скваж) обёрй карда мешавад. Акнун ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 335 аз 27. 07. 2000 сол таваҷҷӯҳ зоҳир намоед. Фармони раиси ҷумҳур «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корамиобй». Бори дигар таъкид менамоем, ки бо мақсади пешгирии камшавии заминҳои корами обӣ дар гардиши кишоварзӣ ва таъмини истифодаи самараноку оқилонаи он ин фармону Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин самт кабул карда шудааст. Яъне, ҳадафи асоси ҳимояи заминҳои корами обӣ мебошад. Вале намедонем, ки дар он заминҳои барои манзилгоҳ ҷудо намуда, кӣ кадом намуди зироат кишту кор намуда бошад?
Беҳуда аз тарзи даромадгирии ҷамъияти маъюбон аз
- Синни ман ба ҷое расидааст, - иброз намуд С. Одилов. Як-чанд маротиба ба раиси ҷамоату раиси ноҳия дар бораи ин бедодӣ муроҷиат намудем. Касе ба додамон нарасид. Ба унвони раиси ҷумхур ариза навиштем. Аз рӯи шунидам, барои баррасй ба ҳукумати нохия фиристодаанд. Намедонам онро чй хел ҳал мекунанд. Ман маҷбур мешавам, ки ба шаҳри Душанбе рафта, ба дастгоҳи раиси ҷумҳур арз намоям. Охир, ба қарори ман оид ба додани замин касе эрод нагирифтаасту эътироз ҳам наовардааст. Вале ман ҳам дар қатори дигарон бояд заминро холй намоям.
Дар заминҳои сангзор меҳнату ниҳол парвариш намудани шаҳрвандонро дида кас аҳсант мегӯяд. Онҳо нақл мекунанд, ки ҳар як мошин хокро бо арзиши 300 со-монӣ аз ҷои дигар овардаанд. Баъзе касон атрофи заминҳои барои сохтани манзилгоҳ гирифтаашонро девор намуда то 500 бехи ниҳолҳои сояафкан шинондаанд.
- Кӯшиш менамоем, ки дар
асоси қонун масъалаи ба миён омадаро ҳал намоем, - таъкид намуд раиси ноҳияи Ашт Д.Зоҳидов, Барои ин комисияи бонуфуз ташкил карда шудааст. Ҳодисаро ҳаматарафа омӯхта ба як хулосаи мушаххас меоем. Боварӣ дорам бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ин қазияи ба амаломада роҳи ҳалли дурусти худро меёбад.
Омӯзиш нишон дод, ки аз соли 2004 инҷониб дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шайдон ба 503 нафар барои сохтани манзилгоҳ замини наздиҳавлигӣ додаанд. Аз рӯи гуфтаи масъулин, замин танҳо ба табари ниёзманди аҳолӣ дода шудааст. Дар натиҷаи офати табиии соли 2007 ба хонаҳои сокинон зарари ҷиддй расидааст. Ситоди ҷумҳуриявй ташкил намуда, ба ҳукумати ноҳия супориш медиҳанд, ки шаҳрвандон ҳатман ба ҷои бехаф кӯчонда шаванд. Раиси
ноҳия бо қарори худ № 417 аз 1.09.2007 сол «Дар бораи додани (китъаи замин барои васеъ намудани майдони заминҳои наздиҳавлигй ба шаҳраандони аз офати табий осебдидаи шаҳраки Шайдон» ба масоҳати
Сухан аз боби ба воситаи пул ҷудо намудани замин меравад. Ҳатто мақомотҳои дахлдор мавод омода намудаанду он то ҳол бе ягон асос беҳаракат меистад.
Қиссаи замину тақсими он дар ноҳияи Ашт дароз аст. Вале мо дар ҳамин ҷо нукта мегузорем. Собиқ раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон Бобоевро бо ҷавобгарии ҷиноятй кашидаанду тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷавобгарӣ озод намудаанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар рузхои наздик масъалаи замин дар ин минтақа ба таври ҷиддй мавриди санҷиш қарор мегирад. Моҳам интизорему як нуктаро таъкид на-
муданием:
намедонем ваколати тақсими замин дар ноҳияи Ашт дар дасти кист? Ҳукумати маҳаллӣ ё прокуратура... Ба ин мактуб таваҷҷӯҳ намоед: (айнан).
«Ба прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 2, мӯҳтарам Ӯлмасоз
X
. Роҳбарияти комиссариати харбии ноҳия аз
Шумо
хоҳиш
мена
мояд,
ки барои аз тарафи
ҷамоати шаҳраки Шайдон оиди масъалаи участкаи наздиҳавлигии
Юлдошеа
Фур
кат Абдуҷабборович,
соли
таваллудаш 1974,
ки барои барқарор
кардани
сохти
Конститутсионй ҶТ ҷон ни
сор
кардааст мадад намоед.
Бо эхтиром, комиссари ҳарбии ноҳияи Ашт подполковник Р.Исмоилов».
Ягон шарҳе надорем...
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста