Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба Прокуратураи генералӣ мурочҷиат кард.
Мавсуф изҳор дошт, ки дар ариза ӯ аз прокурори генералӣ хоҳиш кардааст, то ба амали мансабдорон, ки саривақт ба изҳороти ӯ ба сарвари давлат посух надоданд, баҳо диҳад.
Ёдрас мекунем, ки дар изҳорот бо дарки ҳисси миллӣ ва нияти нек ташаббуси ҳамкории созанда пешниҳод гардида, аз сарвари давлат дархост шуда буд, ки раиси ҳизбро ба муддати 2 сол вазири адлия таъин намояд. Ба қавли раиси ҲСДТ, ҳадаф аз чунин муроҷиат - «нияти барпо сохтани асосҳои воқеии кишвари ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон буд».
«Пас аз як моҳи муроҷиат, 22-уми июн ман аз номи муовини раиси роҳбари дастгоҳи президент Маҳкам Маҳмудов посух гирифтам, ки муроҷиатномаи мазкур ба мушовири давлатии президент Саймурод Фаттоев равона шудааст, вале аз он замон то имрӯз ду моҳ сипарӣ гашт, вале то ҳол ман ҷавобе нагирифтаам», - гуфт Р.Зойиров.
Мавсуф мегӯяд, ки тибқи моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», мӯҳлати охирини ҷавоб бояд як моҳ, яъне то 22-уми июлро дар бар мегирад. «Дар қонун ҳамчунин баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд, вале бо назардошти он ҳам, мӯҳлати охирини ирсоли посух 22-уми август аст, яъне мӯҳлати муқарраршуда тибқи қонун гузашт, - гуфт ӯ.
«Аз ин рӯ, тибқи моддаи 163-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қонуншиканӣ дар муроҷиати шаҳрвандон), ман ният дорам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоям», - таъкид сохта буд раиси ҲСДТ ва афзуда буд, ки дар оғоз ӯ ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати мушаххас сохтани ҷавобгар дар ин ҳолат муроҷиат хоҳад кард.



“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста