Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи Шӯрои Кумитаи назоратии лоиҳаи «Рушди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, масоили содироти маҳсулоти меваю сабзавот баррасӣ мешаванд.
Мушовири миллӣ оид ба масоили робита бо ҷомеаи лоиҳа Абдулфаттоҳ Шафиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҷаласа масоили марбут ба фаъолияти лоиҳа, мушкилот ва монеъаҳои бахши коркарди меваву сабзавот, содироти он ба хориҷи кишвар, дастовардҳои соҳа ва роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти он муҳокима хоҳанд шуд.
Ба ҳайати Кумита намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, вазорати кишоварзӣ, Агентии стандартикунонӣ, метрология, гувоҳномадиҳӣ ва нозироти андоз, Дафтари ҳамкории Швейтсария, Маркази байнулмилалии тиҷорат ва бахши хусусӣ шомил мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста