Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар машварат бо соҳибкорону тоҷирон, роҳбарони бозорҳои пойтахт ва кормандони масъули сохтори назоратии шаҳр дар соҳаи байторӣ, беҳдоштиву эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори дигари шаҳр аз соҳибкорон талаб кард, ки бо дарназардошти изҳороти сарвари давлат дар моҳи шарифи Рамазон нархи маводи ғизои аввалияро арзон кунанд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.
Дар машварат масъалаҳои марбут ба изҳороти президент оид ба паст кардани нархи маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон баррасӣ шуда, тавсия дода шуд, ки нархҳои ҳамаи навъи маводи ғизоӣ то 20 фоиз арзон карда шавад.
Ба қавли Ш.Саидов, дар посух ба муроҷиати раиси пойтахт тоҷирони дӯконҳои гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-уми шаҳри Душанбе ваъда доданд, ки нархи гӯшти ғусфанд ва бузро 10 фоиз арзон мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста