Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукуматдорони шаҳри Душанбе назоратро аз болои нархҳо ба маводи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт пурзӯр намуданд. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз бозорҳои шаҳри Душанбе боздид карда, шоҳиди он гардид, ки ҳақиқатан ҳам дар бозорҳои пойтахт нархи маводи ғизои аввалия арзон шудааст.
Масалан, нархи як халта орди навъи якум дар бозори маҳаллаи Зарафшон аз 122-125 сомонӣ то 117 сомонӣ ва нархи зарфи шашлитраи равғани пахта аз 35 сомонӣ то 28 сомонӣ арзонтар шудааст. Ҳамчунин арзиши сабзавоту мева низ поин рафтааст. Мардум чунин тамоилро ба изҳороти сарвари давлат ва рейдҳои гузарондаи Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» нисбат медиҳанд, ки коргарони ин корхона ба тоҷирон арзон кардани маводи ғизои ниёзи аввалияро тавсия медиҳанд.
Дирӯз ҳукуматдорони шаҳр фаъолияти бозори «Зарнисор»-и маҳаллаи 102-уми пойтахтро қатъ сохтанд, зеро дар ин ҷо рӯзҳои ахир нархи маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб қимат шудааст. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз мизоҷони бозор изҳор доштанд, ки рӯзҳои ахир дар ин бозор нархи 1 кило ангур - то 10 сомонӣ, зироати полизӣ - то 20-30 сомонӣ ва 1 кило гӯшти гов - то ба 20-22 сомонӣ расидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста