Душанбе. 6-уми сентябр - Сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) зимни як эъломия ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум кардаанд.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав эълон кард. Вай гуфт, сарони кишварҳои узви СААД ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум намуданд, ки ин иқдоми низомӣ сабаби ҷанг миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи гузашта шуд.
Дмитрий Медведев гуфтааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳо эъломияе қабул шуд, ки мавқеъи ягонаи кишварҳои узв дар масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла авзоъ дар Қафқозро инъикос мекунад. Дар эъломи сарони кишварҳо омадааст, ки саъйи Гурҷистон барои бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани муноқиша, ки сабаби талафоти ҷонӣ шуд, кишварҳои узвро амиқан нигарон кардааст.
Русия, ки баъд аз муноқишаи моҳи август бо Гурҷистон ду минтақаи ҷудоихоҳи ин кишвар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт, мехоҳад то кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба он пайравӣ кунанд.
Аммо дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узв, ки рӯзи панҷшанбе дар Маскав доир шуд, вазирони панҷ кишвар дар эъломияи ниҳоӣ бо дили нохоҳам аз Русия ҳимоят карданд, вале аз пазируфтани Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ҳайси кишварҳои мустақил худдорӣ варзиданд.
Русия пас аз муноқиша бо Гурҷистон таҳти фишор ва интиқоди кишварҳои Ғарбӣ қарор гирифтааст ва талош дорад, то дар баробари ин фишорҳо тарафдории кишварҳои шарикашро ба даст орад ва ба Ғарб нишон бидиҳад, ки танҳо нест. Аммо танҳо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, чанде пеш
бо тарафдорӣ аз иқдомоти Русия дар Қафқоз гуфт, Русия илоҷе ба ғайр ворид шудан ба қаламрави Гурҷистон ва рафъи ҳамлаи онҳо ба Осетияи Ҷанубӣ надошт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз нақши Русия дар Қафқоз ҳимоят карда, вале гуфтааст, ҳама мушкилот бояд бо роҳи муколама рафъ шавад.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 1992 имзо шуда буд, баъд аз даҳ сол дар соли 2002 ба як созмони мустақил табдил ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста