Душанбе. 6-уми сентябр - Дирӯз, 5 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди нерӯгоҳ ва маҳалли насби агрегатҳо шинос шуд.
Оқил Оқилов дар ин ҷо бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат маҷлиси ситоди кориро гузаронд. Дар он масъалаҳои ба истифода додани агрегатҳои 3-юм ва 4-уми нерӯгоҳ баррасӣ шуданд. Мутобиқи нақша бояд агрегати 3-уми нерӯгоҳ моҳи октябр ва агрегати 4-уми он моҳи декабри соли ҷорӣ ё аввали соли 2009 ба истифода дода шаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» сохтмони муштараки Тоҷикистону Русия буда, аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат сохта мешавад. Айни ҳол 2 агрегати ин нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифта, бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста