Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар вазорати умури хориҷии Русия мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ доир гардид.
Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи тезонидани амалисозии сохтмони як қатор иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистонро, ки дар ин хусус зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд, муҳокима намуданд.
«Ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва фароҳам сохтани шароити мусоиди кору зисти онҳо дар Русия табодули афкори судманд сурат гирифт», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста