Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мулоқоти роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ бо намояндагони созмони ҷамъиятии умумирусиягии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия», созмони ҷамъияти вилоятии «Иттиҳоди тоҷикистониён», Ҷамъияти дӯстии халқҳои тоҷику руси «Сомониён»-и шаҳри Санкт-Петербург», Иттиҳоди тоҷикистониёни Самара ва дигарон масоили мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд.
Аз хадамоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони мулоқот масоили бақайдгирӣ, шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ ва дифоъ аз ҳуқуқҳои иқтисодии муҳоҷиронро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тибқи пешниҳоди Хадамоти муҳоҷират, бояд миёни марказҳои минтақавии миллии фарҳангӣ алоқаи мустақим ва доимо амалкунанда ташкил карда шуда, марказҳо бояд ҳамеша бо ҳам табодули иттилооту афкор намоянд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ҳамватан чораҳои муассир биандешанд.
Ғайр аз ин, Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии муҳоҷирони меҳнатӣ баҳри дастгирии оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирон дар ватан Фонди ҷамъиятӣ созмон дода шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста