Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тунели мошингарди Истиқлол, ки аз зери ағбаи Анзоб имрӯз рафтуои мошинҳоро байни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд таъмин менамояд, аз рӯзи 12 сентябри соли равон ба мӯҳлати ду моҳ баста мешавад. Дар ин бора дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди кории худ аз ин мавзеъ ба масъулини соҳа дастур дод.
Субҳи дирӯз Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи сохтмони туннели мошингарди Истиқлол, ки аз зери ағбаи Анзоб рафтуои мошинҳоро байни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд таъмин менамояд, дидан карда, бо масъулини соҳа ва сохтмончиёни тоҷику эронии ин иншооти муҳимми инфрасохторӣ аз наздик сӯҳбат намуд.
Сарвари давлат ба онҳо хабар дод, ки рафтуои мошинҳо тавассути туннели Истиқлол аз рӯзи 12 сентябри соли равон ба мӯҳлати 2 моҳ қатъ карда мешавад, то ки онҳо ба кори сохтмончиён халал нарасонанд. Онҳо дар ҷавоб ба ин посух доданд, ки ба кори себастии шабонарӯзӣ гузашта, корҳои ниҳоии сохтмони тунелро дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.
Э. Раҳмон таъкид намуд, ки корҳо бояд бо сифати баланди ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ то охири соли равон иҷро карда шаванд.
Сарвари давлат бо онҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва Тоҷикистону Қирғизистону Чин, дигар роҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва пулҳои бузург, ки тавассути онҳо чор сӯйи олам барои Тоҷикистон кушода мегардад, доир ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқу нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар мавзӯъҳо сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дод.
Боздиди навбатии Эмомалӣ Раҳмон аз ин иншоот, ки ба рӯзи якшанбе рост омад, ба сохтмончиён рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба меҳнати пурсамар водор намуд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи мувофиқаҳои Сарварони Тоҷикистону Эрон - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои анҷом додани корҳои ҳаводиҳӣ ва равшаннамоии дохили тунел ба наздикӣ
аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 6 миллион доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад.
То охири
соли равон корҳои ҳаводиҳию равшаннамоӣ ва аз обҳои зеризаминӣ хушк кардани тунел бояд пурра ба поён расанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста