Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро ҷашн мегиранд.
Расо ҳабдаҳ сол қабл дар Иҷлосияи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эълон гардида буд.
Тайи ин 17 соли пур аз нишебу фароз Тоҷикистон солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳронҳои зиёдеро паси сар кард ва устуворонаву мунтазам ба роҳи соҳибистиқлолӣ гом мебардошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори ин ҷашн изҳор дошт, ки «ҳабдаҳ сол пеш миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас - истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Дар баробари ин иди бузурги умумимиллӣ мо ҳамчунин 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил менамоем, ки ин нишонаи ростини пайванди фарҳангу суннатҳои деринаи давлатдории мо бо истиқлолияти воқеии миллатамон мебошад».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста