Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи пешбурди имконоти дастрасии духтарон ба маълумоти миёна семинар мегузарад, ки онро намояндагии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон созмон додаанд.
Коршиноси байнулмилалӣ, намояндагии ЮНИСЕФ дар Бангладеш хонума Мира Митра дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон масъалаи дастрасии духтарон ба гирифтани маълумоти миёна муҳим буда, танҳо 75 дарсади духтарон соҳиби маълумоти миёна мешаванд ва ин дар ҳолест, ки ин миқдор нисбат ба писарон 90 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба қавли хонума М.Митра, ин масъала на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаҳои Осиё ва Африқо низ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷаҳон 120 млн. кӯдакон ба маълумоти миёнаи пурра дастрасӣ надоранд, ки аз онҳо 65 дарсадашро духтарон ва боқимондаро писарон ташкил медиҳанд, 72 млн. нафар кӯдакон бошанд, умуман ба таҳсили илм фаро гирифта нашудаанд.
Хонума М. Митра ҳамчунин баён дошт: «Дар Тоҷикистон ва Бангладеш чунин ақидае роиҷ гардидааст, ки хондани духтарон фоидаовар нест, яъне маблағи ба онҳо сарфшуда самар намеорад, зеро онҳо ба воя расида шавҳар мекунанд, вале ин ақидаи ғалат аст. Аз ин рӯ, дар ҳамдастӣ бо вазорати маориф мо ду семинар мегузаронем. Семинари аввал бо худи кӯдакон ва намояндагони васоити ахбори омма ва семинари дуввум бо иштироки волидайни кӯдакон дар деҳот гузаронида мешавад».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста