Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқ шадидтар шуд. Аз 11-уми сентябр интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 9 соат муқаррар шудааст. Қобили зикр аст, ки аз 1-уми сентябр дар қаламрави кишвар, ба ҷуз пойтахт, марказҳои вилояту ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ реҷаи маҳдуди интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд, ки он аз соати 22.30 то 03.30 дақиқаро дар як шабонарӯз дар бар мегирифт.
Аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки реҷаи шадиди интиқоли нерӯи барқ на танҳо ба аҳолӣ, балки ба корхонаву муассисаҳои саноатӣ низ дахл хоҳад дошт ва дар ин бора бо ҳукумат тавофуқ ҳосил шудааст.
«Аҳолӣ аз соати 17.00 то 21.30
ва соати 3.30 то 8.00 дақиқа бо нерӯи барқ таъмин карда хоҳад шуд ва он ба корхонаҳое, ки аз пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ қарздор нестанд, мувофиқи реҷаи дар он минтақа ҷоригардида интиқол дода хоҳад шуд», - иттилоъ доданд аз ширкати «Барқи тоҷик» ва зикр карданд, ки алҳол чунин маҳдудиятҳо дар пойтахт ҷорӣ намешаванд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон мизони ҷоришавии об дар дарёи Вахш ба 556 метри мукааб баробар буда, сатҳи об дар обанбори «Норак» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта реҷаи интиқоли барқ дар қаламрави Тоҷикистон аз 1-уми октябр ва дар шаҳри Душанбе аз 21-уми ноябр ҷорӣ гардида буд ва он 18 майи соли ҷорӣ бекор шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста