Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - «Сарвари ҳар давлате ба дастгирии мардуми кишвараш ниёз дорад ва бо соли 2009-ро Соли Имоми Аъзам эълом доштан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирии мардумро аз сиёсати худ таъмин сохта, нисбат ба эътиқоди мардум эҳтиром ва арҷмандӣ изҳор сохт», - гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз пешвоёни рӯҳонии бонуфузи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.
Номбурда чунин изҳори назар намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дарк кардааст, ки бидуни эҳтироми иродаи мардум ба чизе ноил гаштан амри маҳол аст. «Ҷавонон - ояндаи миллату ватананд ва имрӯз мо мушоҳида менамоем, ки дар Тоҷикистон сафи масҷидравон маҳз аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз зиёдтар мешавад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, пешвоёни рӯҳонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон нуфузи хоссаеро доро ҳастанд ва сарвари давлат хеле оқилонаву дурандешона рафтор намуд, ки он барои боз ҳам наздикшавии ӯ бо мардум мусоидат хоҳад кард.
Мавсуф зикр кард, ки ташаббуси сарвари давлат ҳамучунин ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати мардум низ мусоидат хоҳад кард. «Бахусус имрӯз, ки як қатор равияҳои мазҳабӣ чун «Салафия» фаъолтар шудаанд, пеш гирифтани чунин иқдом хеле саривақтиву зарур аст», - таъкид сохт Тӯраҷонзода.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста