Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиноси сиёсии тоҷик Парвиз Муллоҷонов мӯътақид аст, ки ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Осиёи Марказӣ нуфузи бартариятноки Русияро дар минтақа тақвият бахшида, барои вуруди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) боз як монеъае эҷод хоҳад сохт.
«Дар оянда барои Тоҷикистон ташкили чунин гурӯҳи нерӯҳо ҷиҳати кафолати таъмини амният ҳангоми ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя манфиатовар хоҳад буд, вале танҳо дар сурате, ки аз Тоҷикистон хароҷотҳои молиявӣ талаб карда нашавад», - гуфт ӯ.
Коршиноси сиёсӣ ҳамчунин таъкид сохт, ки «гурӯҳ на барои дахолат ба корҳои дохилии кишварҳо, балки бояд барои дифоъи кишварҳои минтақа аз таҳдидҳои берунӣ истифода шавад».
П.Муллоҷонов ёдовар шуд, ки чунин масъала ҳанӯз миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта рӯйи кор омада буд, вале ба иллати норасоии захираҳову воситаҳои зарурӣ ва норозигии чанде аз кишварҳо он то имрӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст. «Айни замон захираву воситаҳои молиявӣ басанда аст ва ба фикри ман, дигар ҳеҷ садду монеъае барои ҳалли мусбати ин масъала вуҷуд надорад», - афзуд коршинос.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12-уми сентябр дабири кулли СААД изҳор дошт, ки «дар сурати розигии ҳамаи кишварҳо мо хоҳони он ҳастем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои амнияти дастаҷамъиро дошта бошем ва ин гурӯҳ аз нерӯҳои чаҳор кишвари минтақа(Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) ва Русия иборат хоҳад буд».
Дабири кулли созмон қайд кард, ки имкон дорад, дар минтақа гурӯҳи бузурги нерӯҳои амнияти дастаҷамъӣ ташкил гардад ва ин гурӯҳ пеш аз ҳама, бояд бо назардошти муташанниҷии вазъ дар Афғонистон суботи сиёсиро дар минтақа таъмин созад.
«Бояд даҳ баталёни нерӯҳои дастаҷамъии фаврии зудамал асоси нерӯҳои панҷгонаро ташкил диҳанд», - афзуд Н.Бордюжа. Ба гуфтаи ӯ, қарори таъйини шумора ва фаъолияти минбаъдаи ин нерӯҳоро намояндагони кишварҳои созмон пас аз қабули қарори сиёсӣ мушаххас хоҳанд кард.
Ба ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста