Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Ню Йорк иҷлосияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба кор шурӯъ кард.
Тибқи хабари Маркази иттилооти СММ, сарфи назар аз он, ки иҷлосия имрӯз оғоз мегардад, сарони давлатҳо баҳсҳояшонро ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд кард. Баҳсҳо аз 23-уми сентябр то 1-уми октябр давом мекунанд. Аз минбари Ассамблеяи генералӣ сарони кишварҳои беш аз 120 давлат, вазирони умури хориҷӣ ва роҳбарони ҳайатҳо суханронӣ хоҳанд кард.
Дар иҷлосия сарони кишварҳои Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Сербия, Аргентина, Габона, Эрон, Гурҷистон, Литва, Украина, Қирғизистон суханронӣ мекунанд. Суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 25-ми сентябр ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар иҷлосия суханронии вазири умури хориҷии Русия низ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи иҷлосия бахшида ба шарҳи дастовардҳои Баёнияи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баргузории чорабиниҳо дар назар буда, дар сатҳи баланд машварат дар мавзӯи «Талаботи рушди Африқо: ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои гуногун, мушкилоти ва роҳ ба пеш» доир хоҳад гашт.
Дар қисми асосии иҷлосияи 63-уми Ассамблеяи генералии СММ баррасии беш аз 120 банди рӯзномаи ҷаласа оид ба масоили, таъмини сулҳу субот, мубориза алайҳи терроризм, дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист ва як қатор масъалаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар иҷлосия ҳамчунин муҳокимаи масъалаи ислоҳоти Шӯрои амнияти СММ, вусъат бахшидани фаъолият дар бахши мубориза бо бемории СПИД низ идома хоҳад ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста