Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар доираи амалисозии барномаи «Баргузории чорабиниҳои огоҳкунӣ ва пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ва ноҳияҳои тобеи марказ» гурӯҳи таблиғотии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон қарор доранд, бо сокинони ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ баргузор карданд ва он таҳти шиори «Мо - муқобили маводи мухаддир» доир гашт.
Як намояндаи агентӣ тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар чорабинӣ беш аз 2 ҳазор нафар ширкат варзида, дар доираи он викторинаи «Мо дар бораи маводи мухаддир чӣ медонем?» ва мусобиқаи варзишии «Дар ҷисми солим - рӯҳи солим» низ ташкил карда шуданд. Ба ғолибони чорабиниҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста