Дар
озмуне
,
ки
ба
хотири
интихоби
ширкати
аудитор
ӣ
барои
тафтиши
молии
ин
бонк
ки
ду
моҳ
давом
дошт
,
ширкати
бритониёии
«Ernst&Young LLP»
ғолиб
дониста
шудааст
.
Ҳамакнун ин ширкат аудити бонки миллиро тайи се моҳ ан
ҷ
ом хоҳад дод. Вай гуфт, «10-уми август дар Бонки миллии То
ҷ
икистон натои
ҷ
и ду моҳ қабл эъломнамудаи озмун оид ба интихоби ширкати аудит
ӣ
, ки аудити махсуси ин бонкро мегузаронад, маълум шуд. Аудити мазкур аз моҳи август то моҳи ноябри соли
ҷ
ор
ӣ
идома мекунад».
Ба иттилоъи Бонки миллии То
ҷ
икистон, ширкати«Ernst&Young LLP» алакай бо супориши техникии аудити махсуси нишондодҳои пул
ӣ
(монетар
ӣ
), инчунин амалиётҳои алоҳида ва муоҳидаҳои бонк, ки мувофиқи тавофуқи байни ҳукумати То
ҷ
икистон, БМТ ва Сандуқи байнулмилалии пул таҳия шудааст, шинос гардидааст.
Тафтиши молиявии Бонки миллии То
ҷ
икистон бо дархости Сандуқи байналмилалии пул сурат мегирад, ки пас аз ифшо шудани мавориди ироаи маълумоти бардур
ӯ
ғ барои дарёфти к
ӯ
мак аз с
ӯ
и ин бонк ба Сандуқи байнулмилалии пул сурат мегирад.
Зимнан, Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти То
ҷ
икистонро дар ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъ
ӣ
ва бар асоси он дарёфт намудани беш аз 47 миллион доллари амрико
ӣ
муттаҳам карда, аз Бонки миллии То
ҷ
икистон хост, ин маблағро баргардонад. Ин созмони байнулмилал
ӣ
таъкид кард, аз ҳукумати То
ҷ
икистон тақозо кард, ки фаъолияти Бонки миллии То
ҷ
икистон пуриштибоҳ менамояд ва фаъолияти он мавриди удити
байнулмилал
ӣ
қарор гирад.
Ширкати аудитии «Ernst & Young LLP» қаблан ҳам бо ироъаи хадамоти худ ба ширкатҳои бузурги То
ҷ
икистон машҳур аст. Маҳз ин ширкат соли гузашта ноқисиҳо дар фаъолияи Ширкати давлатии алюминиуми То
ҷ
икистон, мавсум ба «ТалКо»-ро ошкор кардааст. Феълан бар асоси хулосаи ин ширкат баҳси ширкатҳои «Ансол» ва «Талко» дар додгоҳи олии Лондон идома дорад.
Ҳамчунин ширкати «Ernst & Young LLP» барои беҳтарсозии фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «То
ҷ
икайр»
ҷ
иҳати омодасозии ин ширкат ба истифодаи ҳавопаймоҳои тавлиди ҳозиразамон тавсияҳо додааст. Баъди ин пешниҳодот ширкати «То
ҷ
икайр» се ҳавопаймоии «Боинг»-ро харидор
ӣ
кардааст.
Коршиносон ба делели он, ки ширкати аудитории «Ernst & Young LLP» ширкати бузурге дар арсаи байнулмилал
ӣ
ба ҳисоб меравад, мег
ӯ
янд, ки он аудити Бонки милии То
ҷ
икистонро мунсифона ан
ҷ
ом хоҳад дод ва агар ноқисиҳо дар фаъолияти Бонки милии То
ҷ
икистон бошад, онро ошкор хоҳад кард
«Ernst & Young LLP», яке аз чаҳор гур
ӯ
ҳи бузургтарини аудит
ӣ
-консалтинг
ӣ
дар
ҷ
аҳон ба шумор меравад, ки
кори худро дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ соли 1989 оғоз кардааст. «Ernst & Young LLP» феълан аудитори аз 7 ширкати бузурги Иттиҳоди давлатҳои мустақилро, ки дар биржаи фондии Амрико ба қайд гирифта шудаанд, ба шумор меравад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста