Душанбе. 18-уми сентябр - Роҳбарони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират 19-уми сентябр дар шаҳри Минск лоиҳаи Ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират имзо хоҳанд кард. Ёддошт асосҳои ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират, аз чумла, мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон пешбинӣ мекунад.
Имзои он ба истифодаи таҷриба ва кӯмакҳои Созмони байнулмилалии муҳоҷират барои такмили заминаи қонунӣ дар соҳаи муҳоҷират шароит муҳайё месозад. Ба ин васила имкониятҳои созмон барои омӯзиши ҳамаҷонибаи кормандони мақомоти дахлдор, тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳои мутахассис ва пешгирии ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар маросими имзои лоиҳаи меморандум директори генералии Созмони байнулмилалии муҳоҷират Брансон Маккинли ва раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста