Хуҷанд. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Донишҷӯёни тамоми макотиби олӣ, коллеҷҳо ва мактабҳои миёнаи миёнаи махсуси вилояти Суғд муддати як моҳ ба деҳқонон дар ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» ёрӣ хоҳанд расонд. Аз маркази таҳлиливу иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин хусус раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори вилоят тавофуқ ҳосил кардаанд.
Аз аввалинҳо шуда донишҷӯёни соли аввали таҳсили Донишкадаи металлургияи кӯҳии Тоҷикистон ба кӯмаки пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шитофтанд ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии дигар то 22-уми сентябр ба пахтачинӣ сафарбар карда мешаванд. Ба пахтачинӣ донишҷуёни курсҳои 1,2 ва 3-ум ҷалб карда мешаванд, ки шумораи онҳо ба 6 ҳазор нафар баробар аст.
Соли равон тибқи нақша кишоварзони вилоят бояд 172 ҳазору 100 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Феълан ба хирманҳо ҳамагӣ 14 ҳазору 466 тонна ҳосили пунбадона рехта шудааст, ки 8,41 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста