Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд.
Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки чанде қабл дар яке аз минтақаҳои назди сарҳадии Панҷ марзбонони тоҷик ду нафар шаҳрванди Афғонистон Султонмаҳмад валади Гулохон ва Рафиқ валади Шервалиро, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намудаанд, боздошт карданд.
«Зимни кофтукови амволи шахсии боздоштшудагон ба миқдори 15 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд», - афзуд манбаъ. Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста