Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сеюми зиёиёни э ҷ одкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ   Котиби генералии Ҷ омеаи иқтисодии Евразия Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни с ӯ ҳбат Таир Мансуров ба Эмомал ӣ Раҳмон, ки айни ҳол Раиси Ш ӯ рои байнидавлатии Ҷ омеаи иқтисодии Евразия мебошад, оид ба рафти и ҷ рои санадҳои ҳамкории дар чаҳорч ӯ би ин созмони бонуфузи иқтисод ӣ имзошуда ва омодаг ӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои он гузориш дод.

Таъкид гардид, ки саммити гузаштаи Ҷ омеаи иқтисодии Евразия, ки моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисод ӣ нақши намоён гузошт ва изҳори бовар ӣ карда шуд, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани обур ӯ ю нуфузи ин созмон корҳои муфид ба сомон мерасанд.  

Хотиррасон мекунем, ки мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Ҷ омеаи иқтисодии Евразия моҳи октябри соли равон дар пойтахти Ҷ умҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.