Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. «Аввали ҳафтаи равон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин хусус ба мақомоти дахлдор супориш дод», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи М.Убайдуллоев, феълан то ҳадди ниҳоии пур шудани об дар обанбори «Норак»
Дар ҷаласа оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, газ ва об дар мавсими тирамоҳу зимистон ва сари вақт пардохтани музди истифодаи он ба аҳолии пойтахт муроҷиатнома қабул карда шуд.
М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки бояд дар байни сокинони шаҳр ва хадамоти шаҳрӣ оид ба таъмини мардум бо нерӯи барқ, газ ва об созишнома ба имзо расад, ки дар он масъулияти ҷонибҳо мушаххас бошад ва дар сурати вайрон кардани шартнома, ҷониби ҷабрдида метавонад ба додгоҳ муроҷиат намояд.
Дар ҷаласа дар бораи то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ дар фаввораҳои шаҳр, таҷҳизоти равшанидиҳии боғҳои фароғату истироҳат, хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекломи берунӣ пешниҳодот карда шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста