Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» -
Имрӯз дар Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри
XXI
» дарси кушоди сарвари хадамоти омӯзишию таҳлилии Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Хулкар Юсупов барои донишҷӯёни соли 5-уми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он мавзӯи истифода аз сарчашмаҳои иттилоот барои таҳияи маводи журналистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар чорабинӣ ҳамоҳангсозони барномаҳо оид ба Васоити ахбори оммаи як қатор созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат варзиданд.
Қобили зикр аст, ки чунин дарсҳои кушод дар Мактаби рӯзноманигорӣ ҳар ҳафта доир гардида, иштирокдорони он дар баробари таҳлили матолиби хабаргузориву нашрияҳои гуногун, зимни таҳияи маводи журналистӣ риоя кардани меъёрҳои байналмилалии касбиро меомӯзанд.
Дар ҷараёни дарсҳои амалӣ донишҷӯён барои таҳияи мақолаву гузоришоти худ аз компютарҳо ва таҷҳизоти Мактаби рӯзноманигорӣ истифода мекунанд. Ҳамзамон боздиди онҳо аз идораҳои садову симо ва нашрияҳои гуногун ҷиҳати шиносоӣ бо раванди фаъолияти ВАО-и кишвар ташкил карда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста