Душанбе. 25-уми сентябр - Садҳо нафар аз мусофирони тоҷик, ки билетҳои ширкати ҳавопаймоии «Домодедовские авиалинии»-ро дар даст доранд, аз ҷумъаи гузашта инҷониб наметавонанд ба Маскав парвоз кунанд.
Гуфта мешавад, ки «Домодедовские авиалинии» парвозҳои худ ба Душанберо аз рӯзи ҷумъаи гузашта муттаваққиф сохта ва ҳоло беш аз 500 мусофири тоҷик, ки аз қабл билетҳои ин ширкатро харидорӣ кардаанд, наметавонанд ба Маскав ва тақрибан ҳамин теъдод аз мусофирон аз Маскав ба Душанбе наметавонанд парвоз кунанд.
Тибқи иттилоъи расонаҳои гурӯҳии Русия, «Домодедовские авиалинии», ки бахше аз ширкати бузурги ҳавопаймоии «ЭйрЮнион» маҳсуб мешавад, тайи як моҳи ахир бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ҳамакнун бештари парвозҳои ин ширкат дар қаламрави Русия ва кишварҳои хориҷӣ мутаваққиф шуда ва ин хабар мояи нигаронии мақомоти ин кишвар шудааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, давлати Русия тасмим гирифтааст, бо истифода аз имконоти «ЭйрЮнион» як ширкати ҷадиди ҳавопаймоии давлатӣ таъсис бидиҳад.
Вале то ҳол маълум нест, ки дар мавриди ҷуброни хисорати молии афроде, ки аз қабл барои парвоз аз ин ширкат билет хариданд, чӣ тасмиме гирифта хоҳад шуд.
Дар масирҳои дохилии Русия парвози афроде, ки билетҳои «ЭйрЮнион»-ро харидорӣ кардаанд, дар бархе маворид аз тариқи ширкатҳои дигар сурат мегирад.
Вале ширкати русии «Домодедовские авиалинии», танҳо ширкати русӣ аст, ки аз Маскав ба Душанбе рӯзе як бор парвоз анҷом медиҳад.
Ширкатҳои «ТоҷикЭйр» ва «СомонЭйр»-и Тоҷикистон низ ҳамарӯза ба Маскав як борӣ парвоз анҷом медиҳанд, вале ин ширкатҳо омода набудаанд, ки мусофирони «Домодедовские авиалинии»-ро ба таври ройгон ба пойтахти Русия ва ё баръакс аз Маскав ба Душанбе интиқол бидиҳанд.
Неъматулло Соҳибов, як масъули бахши ҳавонавардӣ дар Вазорати ҳамлу нақл ва мухобироти Тоҷикистон мегуяд, ки ширкати «Домодедовские авиалинии» аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе бидеҳкор аст ва ба ин далел наметавонад то замони пардохти бидеҳиҳои худ ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом бидиҳад.
Вай афзуд, ки то ҳол ба ин муассиса аз номи мусофирон алайҳи ширкати «Домодедовские авиалинии» ҳеҷ шикояте ворид нашуда, вале ба ақидаи ӯ, ҳалли ин мушкил танҳо ба ӯҳдаи ин ширкати русӣ аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста