Барномаи грантҳои президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ва бевосита аз тарафи дастгоҳи марказии
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
амал татбиқ мешавад.
Кумита «Барномаи грантҳои Президентӣ» - ро дар асоси Қоидаҳои тартиби ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурнии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли 2008, № 448 тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.
Грантҳои Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҶТ - занони соҳибкоре, ки
лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занҳо ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ
дар фаъолияти рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ҷудо карда мешаванд.
Грантдиҳанда ҷудо намудани грантҳои Президентиро ба андозаҳои зерин:
10 грант дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ;
10 грант дар ҳаҷми 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ;
10 грант дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ пешбинӣ намудааст.
Мӯҳлати иҷрои лоиҳа то 6 моҳро дар бар мегирад.
Барои иштирок дар барнома
занони соҳибкор
лоиҳаро бояд дар ҳаҷми на зиёда аз панҷ (5) саҳифа, дар барномаи
MS
WORD
бо истифода аз шрифти (14)
Times
New
Roman
Tj
ва мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод намоянд. Ташкилотҳои ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи лоиҳаи «Озмун
оид ба пешниҳоди лоиҳаҳо дар «Барномаи грантҳои президентӣ»
»
аз
Кумита дастрас намоянд.
Дар ин бора корманди масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Маърифат Шокирова хабар дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста