Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе корҳои таъмир босуръат идома доранд ва нимаи моҳи октябр ба анҷом мерасанд. Дар ин бора сармуҳандиси марказ Раҳматулло Қаландаров хабар дода, илова намуд, ки барои аз таъмир баровардани марказ ширкати «Барқи тоҷик»
беш аз 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос додааст.
«Шояд дар даҳаи аввали моҳи декабр марказ ба истеҳсоли барқу гармӣ шурӯъ намояд», - изҳор дошт манбаъ. Сармуҳандиси марказ таъкид сохт, ки соли равон марказ танҳо бо сӯзишвории мазут фаъолият хоҳад кард, зеро нархи маводи сӯзишвонрии дигар - газ хеле гарон аст.
Ба гуфтаи сармуҳандис, пас аз анҷоми корҳои таъмир, марказ қодир хоҳад гашт, ки дар як соат 180 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ва 270 гигакалорий гармӣ истеҳсол кунад.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар марказ беш аз 10 тонна мазут захира карда шуда, рӯзҳои наздик аз Эрону Туркманистон боз 60 вагони дигар аз ин сӯзишворӣ оварда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар марказ корҳои таъмирӣ дар чунин ҳаҷм муддати чаҳор сол бори
нахуст гузаронида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста