Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз агентии «Reuters» хабар додааст, ки
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз кишварҳои мададрасон дархост кардааст, ба кишвари қашшоқтарини минтақаи Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон таъҷилан ба маблағи $34,7 млн. кӯмаки ғизоӣ расонанд.
Пешбинӣ мегардад, ки бо ин маблағ аз моҳи октябри соли 2008 то моҳи декабри соли 2009 то 800.000 нафар бо кӯмаки ғизоӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар изҳороти махсуси СММ гуфта мешавад, ки ахиран бар асари коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рӯйи кор омадани бӯҳрони сартосарии ғизоӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 1,3 миллион нафар норасоии шадиди ғизо таҳдид мекунад.
Агентӣ хабар медиҳад, ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ аз кам шудани истеҳсоли зироати ғалладона то 700 ҳазор тонна дар соли ҷорӣ иттилоъ додааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 927,5 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, талаботи дохилӣ бошад, 1 млн. 200 ҳазор тонннаро ташкил медиҳад.
«Дар муддати 44 соли ахир соли равон Тоҷикистон зимистони хеле душвореро паси сар кард. Аз сардиҳои беҳад зиёд, ҳуҷуми малах ба киштзорон ва хушксолии имсола ба қисми зиёди аҳолии кишвар норасоии шадиди маводи ғизоӣ таҳдид мекунад», - гуфта мешавад дар изҳороти СММ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста