Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 11-уми октябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
(ҲНИТ) ният дорад, дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии қуръонхонӣ доир намояд.
Аз дафтари кории ҳизб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки озмуни мазкур ба муносибати Соли бузургдошти Қуръони азимушшаън, ки роҳбари ҳизб онро соли 2008 эълом дошта буд, гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, соли равон дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ озмунҳои қуръонхонӣ барпо гаштанд. «Дар озмун на танҳо ғолибони озмунҳои минтақавӣ, балки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд», - изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки озмун соли дуввум пайдарҳам гузаронида мешавад ва ҳизб ният дорад онро анъанавӣ гардонад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хабари сомонаи Кавказ.Мэмо.ру, дар озмуни байнулмилалии қуръонхонӣ дар Маскав намояндаи Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Муродов сазовори мақоми саввум гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста