Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо намояндаи ширкати «Абхиҷит групп»-и Ҳиндустон Нитеш Банерҷи масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия_плюс» хабар доданд, ки намояндаи ширкати ҳиндӣ изҳор доштааст, ки онҳо бо мақсади ҷустуҷӯи шарикон дар кори ба роҳ мондани тиҷорат ва фаъолият дар Тоҷикистон ба ин ҷо омадаанд ва омодаанд, пешниҳодотро оид ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, металлургия, сохтмони роҳҳо, саноати истихроҷи маъдан ва ғайра муҳокима намоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар нимаи дуввуми рӯз намояндаи ширкат бо мақомоти роҳбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки «Абхиҷит» групп» яке аз ширкатҳои бузурги Ҳиндустон буда, доираи фаъолияташ бахшҳои гуногунро дар бар мегирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста