Кӯлоб. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Демократҳо ва коммунистони шаҳри Кӯлоб қарор карданд, ки дар интихобот ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок накунанд.
Амрохон Сафаров, раиси созмони минтақавӣ ва шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар Кӯлоб, ҷиноҳи М.Собиров мегӯяд, «демократҳо ба шаффофият ва ростии низоми интихоботӣ эътимод надоранд ва бо дастони худ қонунияти дар амал мавҷуднабудаи интихоботро тасдиқ карданӣ нестанд». А.Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки онҳо ният доранд, намояндаи худро аз ҳайати комиссияи интихобот низ бозхонд кунанд.
Котиби аввали кумитаи минтақавӣ ва шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар Кӯлоб Шариф Сафаров мӯътақид аст, ки онҳо дар маҷлиси шаҳрӣ панҷ ҷой доранд ва ин миқдор кифоя аст, ки дар маҷлис баррасии баъзе масоилрор пешниҳод кунанд. «Аксариятро дар маҷлис, ки аз 40 нафар иборат аст, мо бе ин ҳам соҳиб шуда наметавонем», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста