Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Пахтакорони ҷумҳурӣ ба нисфи марраи ҷамъоварии ҳосил наздик мешаванд. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки деҳқонон аз майдонҳои кишти пунбадона беш 234 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд, ки 42,4 дарсади нақшаи пешбинишудаи
(552 ҳазору 500 тонна) соли ҷориро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи ғунучини ҳосили пахта кишоварзони вилояти Хатлон пешсафанд, ки то имрӯз 175 ҳазору 243 тонна ё худ 52,8 дарсади ҳосилро ҷамъоварӣ кардаанд.
Пахтакорони вилояти Суғд - беш аз 42 ҳазор тонна ё худ 24,4 дарсад ва ноҳияҳои тобеи марказ - 17 ҳазор тонна ё худ 34,7 дарсади ҳосили пунбадонаро ҷамъоварӣ намудаанд. Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста