Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) қарор кардааст, ки дар интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб як номзад гузорад.
Роҳбари созмони ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки миёни интихобкунадагон намояндаи мо дар ҳавзаи интихоботии рақами 1
аз обрӯву нуфузи зиёд ва эҳтироми сокинон бархӯрдор аст ва аз ин рӯ, ба хулосае расидем, ки номзадии ӯро пешниҳод созем. «Аз рӯи натиҷаҳои маъракаҳои интихоботи пешин мо огаҳем, ки онҳо на ҳамеша адолатнок сурат мегирифтанду аз чӣ бошад, ки нисбат ба ҲНИТ муносибати ғаразҷӯёна зоҳир мегардид ва ҳарчанд дар ҳавзаҳои интихоботие, ки номзадҳои ҳизби мо аз номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як сару гардан боло бошанд ҳам, дар натиҷа ба мағлубият дучор мегаштем», - гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳизб умедвор аст, ин дафъа кор ранги дигар хоҳад гирифту дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ҳизб намояндаи худро хоҳад дошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста