Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 30-юми сентябр дар Кӯлоб ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии мутааллиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Партов»-и ноҳияи Восеъ Баҳром Ҳабибовро тибқи 19 моддаи Кодекси ҷинои ҶТ гунаҳкор дониста, ба муддати 27 соли зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низоми шадид маҳкум кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов хабар дод.
Номбурда изҳор дошт, ки Б.Ҳабибов дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, худсарона азхуд намудани замин ва сохтмони ғайриқонунии иншоот дар он ҳангоми ифои вазифа кардан дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонӣ гунаҳкор дониста шудааст.
«Додситон барои Б.Ҳабибов 30 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард, вале аз чунин қарори додгоҳ, ки 27 соли ҷазоро ба ӯ лоиқ донист, низ қаноатманд аст», - афзуд А.Розиқов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста