Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Конфрони
IX
-уми байнидавлтии илмиву амалӣ оид ба истифодаи фановариҳои ҷадид дар амалисозии стратегияи глобалии мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 30-уми сентябр дар вилояти Волгогради Русия ба кор шурӯъ кард, масоили мубориза бо ин бемориҳо баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон Фотима Яқубова хабар дод.
Номбурда изҳор дошт, кит дар конфронс ҳамчунин масъалаҳои таҳия ва истифодаи усулҳои тозаи ташхиси лабораторӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилаи байнидавлатӣ дар ин самт низ муҳокима мешаванд.
«Ба паҳншавӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ тиҷорати густардаи байнулмилалӣ, убури на он қадр мушкили марзҳо, болоравии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, пайдоиши шаклҳои нави ангезандаҳои беморӣ ва таҳдиди терроризми биологӣ боис гардидааст», - гуфт сарчашма.
Ф.Яқубова афзуд, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронс оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ пешниҳоду тавсияҳо қабул гардида, ҷиҳати баррасӣ ба вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ИДМ фиристода мешаванд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистонро дар ин конфронс муовини директори хадамоти давлатии санитриву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон Исохон Грезов намояндагӣ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста