Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шарҳи маълумоти Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба қайд гирифтани мизони баландтарини таваррум дар Тоҷикистон ба андозаи 30,7 дарсад миёни кишварҳои узви ин иттиҳод, доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «агар ҳукумат дар ин самт чораҳои муассир наандешад, ахири сол мизони таваррум дар То
ҷ
икистон ба 50 дарсад баробар хоҳад шуд».
Тибқи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон суръати таваррум дар бахши истеъмолӣ 11,9 дарсадро ташкил додааст.
«Маълумоти овардаи Кумитаи омори ИДМ нисбатан боварибахшанд, зеро вазъи кунунии бахши истеъмолии моро воқеъбинонатар нишон медиҳанд», - гуфт профессор.
Ҳ.Умаров таъкид сохт, ки яке аз чораҳои нигаҳдории сатҳи болоравии таваррум ҷорисозии иқдомоти ҳавасмандагардонӣ барои тавлидкунандагони молҳои истеъмолӣ аст, яъне роҳандозии имтиёзҳо дар андозситонӣ, маблағҷудокунӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра.
Профессор бар ин назар аст, ки 200 млн. сомонӣ профитсити буҷаро мебояд ба маблағдиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ равона сохт, то ба беҳшавии вазъи бахши истеъмолии кишвыар мусоидат намояд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд - пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста