Хуҷанд. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, ки бонк тайи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи $240 млн. кӯмаки ройгон ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2009 то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи 60-70 млн. доллари амрикоӣ бурс ҷудо карда мешавад. «Раҳбарияти бонк истифодаи ин бурсҳоро дар рушди соҳаи энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад мешуморад», - гуфт М.Оҷиро.
Номбурда афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон тибқи сармоягузории бонк 14 лоиҳа амалӣ мегардад, ки 7-тои он ба маблағи 109,7 млн. доллари амрикоӣ дар вилояти Суғд татбиқ мешавад.
То ахири соли 2007 Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 372,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 33 млн. ба сифати кӯмаки техникӣ ва 39,5 млн. доллари амрикоӣ ба сифати бурсҳо маблағ ихтисос додааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста