Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҳошияи баргузории ҳафтаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи бемориҳои равонӣ дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ оид ба бемориҳои равонӣ ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири Маркази солимии равонӣ ва бемории ВИЧ/СПИД Манижа Ҳаитова хабар дод, дар кори ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва мақомоту идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.
Номбурда зикр кард, ки дар ҳамоиш масоили муносибат бо беморони равонӣ, роҳу воситаҳои муолиҷаи самараноки он, стигмакунонӣ, табъиз ва зӯран махфикунонии ин беморон мавриди муҳокима қарор мегиранд. «Яке аз мақсадҳои баргузории ҳамоиш ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти аҳолии гирифтори бемориҳои равонӣ ва худкушӣ дар Тоҷикистон аст», - гуфт М.Ҳаитова.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 17 муассисаи табобати бемориҳои равонӣ амал мекунанд, ки дар он 42 ҳазор нафар маризон сабти ном шудаанд. Барои ғизо ва бо доруворӣ таъмин кардани чунин беморон дар як рӯз 6 сомонӣ (камтар аз 2 доллар) маблағ ҷудо карда мешавад.
Пизишкон мегӯянд, ки айни замон дар ҷаҳон аз шумораи умумии беморон 10 дарсадро гирифторони беморони равонӣ ташкил медиҳанд ва аз эҳтимол дур нест, ки соли 2020 ин рақам ба 15 дарсад бирасад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз дар дунё беш аз 450 млн. нафар ба бемориҳои равонӣ гирифторанд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста