Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои низомӣ доир гардид, ки дар кори он мақомоти раҳбарии кумита, сардорони раёсатҳои марзбонии кишвар ва роҳбарони қисмҳои низомии посгоҳҳои марзбонӣ ширкат варзиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар ҷаласа аз фаъолияти сарраёсат дар 9 моҳи соли равон дар кори таъмини қисмҳои низомӣ бо сарулибос ва маводи сӯзишворӣ, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, иҷрои тадбирҳои андешида барои зимистонгузаронӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳамаи қисмҳои низомии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бо миқдории кофии ангишт, ҳезум ва генераторҳои электрикӣ таъмин карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, соли равон марзбонони кишвар ҳудуди 1 тоннаву 300 кило маводи мухаддирро дар сарҳад мусодира кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 36 дарсад зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста