Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон шӯъбаи «Рӯзноманигорӣ ва тарҷума»-и факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон барҳам дода шуд.
Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов хабар дод, ки бо қарори ҳукумат соли 2008 номгӯй ва соҳаҳои мутахассисони тайёрмекардаи макотиби олӣ мавриди санҷишу муҳокима қарор гирифт.
Номбурда дар шарҳи ин масъала чунин баён дошт: «Пас аз санҷишу таҳлил маълум шуд, ки барномаи омӯзишии рӯзноманигорон-тарҷумонҳо ба меъёрҳои раванди таълим ҷавобгӯ нестанд. Дар тӯли панҷ сол аз рӯи ду ихтисос наметавон маълумоти комил касб кард. Гузашта аз ин, бозори меҳнати кишвар ба чунин мутахассисон талаботи зиёде надорад».
Ф.Раҳимов афзуд, ки донишҷӯёне, ки қаблан ба ин шӯъба дохил шуда буданд, таҳсилро идома медиҳанд, вале танҳо соҳиби як касб - журналистӣ мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста