Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Р ӯ зҳои 9-ум ва 10-уми октябр президенти То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷ аласаҳои навбатии Ш ӯ рои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Ш ӯ рои байнидавлатии Ҷ омеаи иқтисодии Евразия ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Осиёи Марказ ӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷ умҳурии Қирғизистон қарор дошт.

Дар ҷ аласаи навбатии Ш ӯ рои сарони кишварҳои аъзои ИДМ   сарони давлатҳои То ҷ икистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Туркманистон, Узбекистон ва намояндагони воломақоми Озарбой ҷ ону Украина иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиш 19 масъала баррас ӣ шуд, ки муҳимтарини онҳо Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 аст.

Татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, густариши ҳамкор ӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, муҳо ҷ ирати меҳнат ӣ , робитаҳои байниминтақав ӣ ва наздисарҳад ӣ , амнияти иттилоот ӣ , мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, робитаҳои илмию фарҳанг ӣ ва омодаг ӣ ба ҷ ашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷ анги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ аз мавз ӯ ъҳои муҳими ин ҳамоиш буд.

Ҳамкор ӣ дар соҳаи энергетика мавз ӯ ъи асосии муносибатҳои кишварҳои аъзои ИДМ   дар соли 2009 эълон гардид. Соли 2009 ҳамчунин Соли ҷ авонон ва соли 2010 Соли илм ва инноватсия эълон карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.