Душанбе. 11-уми октябр - Мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом доштаанд, ки дар саросари ин кишвар ба корҳои парвариш ва ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб кардани шогирдони мадорис қатъан манъ аст.
Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки донишҷӯёни бархе аз муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон метавонанд дар зарфи як моҳи тирамоҳ довталабона дар ҷамъоварии пахта дар саҳроҳо ширкат кунанд.
Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин вазорат аз ниҳодҳои додситонии ин кишвар хостааст, то аз мавориди ҷалби иҷбории шогирдони мадорис ба ҷамъоварии пахта ҷилавгирӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои расида аз вилояти Суғд ва Хатлон дар ин манотиқ ҳанӯз мавориди фаровони истифода аз шогирдони мадорис дар корҳои ҷамъоварии пахта ба мушоҳида расидааст.
Оқои Раҳимов ба навбаи худ таъкид кард, ки раҳбарони хоҷагиҳо танҳо пас аз анҷоми дарсҳо ва дар рӯзҳои таътил ҳаққи ҷалби шогирдон ба ҷамъоварии пахтаро доранд ва дар ғайри ин сурат ин афрод муҷозот хоҳанд шуд.
Аз сӯйи дигар, масъулони вазорат хабарҳои мабнӣ бар истифода аз нерӯи донишҷӯён дар корҳои кишоварзиро таъйид карда, вале гуфтанд, ки ин амр фақат бо хоҳиши донишҷӯён анҷом шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста