Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз 1-уми октябр шурӯъ шуд, дар миқёси ҷумҳурӣ ба андозаи 20 дарсад иҷро шудааст.
Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар даҳаи аввал танҳо дар ноҳияи Зафаробод нақшаи даъват 100 дарсад ба иҷро расидааст.
Аз Вазорати дифоъ ҳамчунин хабар доданд, ки аксари ҷавонони синнусоли даъватӣ феълан дар Русия қарор доранд. «Айни замон шумори муҳоҷирони меҳнатии ҷавонони синнусоли даъватӣ ба пойтахт - шаҳри Душанбе низ хеле афзудааст», - изҳор дошт манбаъ. Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии низомӣ то 30-уми ноябр идома хоҳад ёфт.
Ёдрас мекунем, ки сарфи назар аз баъзе мушкилот, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба андозаи 100 дарсад иҷро гардида, он замон беш аз 8 ҳазор нафар ҷавонон ба хизмат даъват карда шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста