Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.
Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа баррасии ҳудуди 20 масоил, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти шӯро дар соли 2008 ва нақшаи корӣ барои соли 2009 дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ атрофи масоили рушди ҳамгиройии низомии кишварҳо, такмили низоми муттаҳидаи нерӯҳои ҳарбии дифоъи зиддиҳавоӣ, таҳкими системаи мутттаҳидаи нерӯҳои низомии ИДМ ва ташкили Спартакиадаи артишҳои кишварҳои ИДМ дар соли 2009 табодули афкор хоҳанд кард.
Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии 55-уми шӯро таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазиоони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ моҳи феврали соли 1992 таъсис дода шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста