Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ширкати чиноии «Шанг Донг Сан Ксин» дар Тоҷикистон корхонаи муштарак боз карданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо ҳайати намояндагони Чин таҳти сарварии роҳбари ширкати мазкур Йонгксианг Лю мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Чин аз намояндагони бонкҳо, соҳаҳои маориф, энергетика ва ғайра иборат буда, онҳо ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо шарикони тоҷикистонии худ ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд. «Аксари соҳибкорони Чин имрӯз муваффақона дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, вале бо вуҷуди ин, феълан низ дар кишвари мо соҳибкорони зиёде хоҳиш доранд, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд», - гуфт сарвари ҳайати Чин Йонгксианг Лю.
Дар навбати худ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид меҳмононро бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно сохта, таъкид дошт, ки солҳои ахир муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариши бесобиқа қарор доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста