Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Интизор меравад, ки пас аз таъмири асосӣ бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гашта буд, аввали моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора ёвари ректорои донишгоҳ Акмал Бобоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои сохтмонии ватании «Тоҷиксохтмон», «Авторем», Асос», «Рамзес», «Осоиш» ва «Систем-автоматик» дар таъмиру бозсозии бино саҳм мегиранд. «Ҳамчунин ҳамарӯза ҳудуди 60 ва дар рӯзҳои истироҳат 150 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба сохтмончиён кӯмак мерасонанд», - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки барои таъмир ва барқарорсозии бинои асосии донишгоҳ, ки қариб пурра сӯхта нобуд гардида буд, ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуда, ҳукуматҳои Туркия ва Ҳиндустон 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҳар кадоме ва Ассотсиатсияи табибони амрикоӣ 2 ҳазор долларӣ амрикоӣ кӯмак расониданд. Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эрон ваъда додаанд, ки донишгоҳро бо дастуру китобҳои таълимӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста