Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шабакаи давлатии телевизиони «Сафина»-и Тоҷикистон ба ҷамъияти саҳомӣ табдил мегардад.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори шабака Маҳмадсаид Пиров изҳор дошт, ки ба оиннома ва муқаррароти шабакаи телевизионии «Сафина» тағйироти мувофиқ дар ин робита ворид карда шуданд ва тартиботи минбаъдаи табдили он ба ҷамъияти саҳомӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт.
«Соли равон барои фаъолияти шабака аз буҷаи ҷумҳурӣ 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид, вале барои таъсиси як шабакаи телевизионии муосир ин миқдор маблағ басанда нест», - гуфт ӯ.
М.Пиров афзуд, ки дар сурати ба ҷамъияти саҳомӣ табдил гардидани шабака, имкон пайдо мешавад, ки рушди босуръати он таъмин гардида, сифати барномаҳо беҳтар ва музди меҳнати кормандони он зиёд карда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста